ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОН

Шаҳритуc: Вокуниш  

    Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

       Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.

          Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замон ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

           Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта равона гардидаанд.

 

Юсупова Г. - мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.