ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБИ ФЕСТЕВАЛИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 17.04.2024 сол дар майдони Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Нарзулоиён М., масъулини КИ ХХДТ дар ноҳияи Шаҳритус,  директори китобхонаи марказии ноҳия Қодирова О., намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия- Мунаварова Э., мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -Баҳманёри С. ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия Нораков С., омӯзгорон, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан»,  хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, чорабинии тантанавӣ бахшида барои ғолиби ҷойи якуми Фестевали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон, инчунин оиди иншонависӣ дар мавзӯи “Биҳишти бебаҳоям Тоҷикистонам”  хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия Муборакова Ирода бо Дипломи дараҷаи якум ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданаш баргузор  гардид.    

         Инчунин дар чорабинии тантавӣ,  муовини раиси ноҳия Нарзулоиён Мақсуда, оиди ғолиби ҷойи якум ва даст боло гардидани хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия Муборакова Ирода  суханронӣ намуда, ҳамзамон бо гулдаста ва ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ намуд.