ҶАЛБСОЗИИ ҶАВОНОН БА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ВОСИТАИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ.

Шаҳритуc: Вокуниш  

          Имрӯзҳо созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба интернет рӯ оварданд, чунки интернет барои ҳама дастрас буда, ҳар нафари хоҳишдошта дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолатҳо метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишторию аксӣ анҷом диҳад. Ба истилоҳ интернет дунёест бузург, ки иртиботи ногусастанӣ бо ҷаҳони мо дорад.

         Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дар он зоҳир мегардад. Созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ барои ба ҳадафашон расидан бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Одноклассники, Faceebook, B контакте, Twitter ва ғайра) ва мессенҷерҳо (WhatsApp, Viber, Telegram, Faceebook Messenger, Skype, ICQ, Google Hangouts ва ғайра) истифода менамоянд. Ҳар шабакаи иҷтимоии интернет бошад, дар навбати худ хусусиятҳои ба худ хоси хизматрасонӣ ва истифодабариро дорад.

         Дақиқан дар даҳсолаи охир интернет ҳамчун базаи фаъол барои тайёр кардани террористону экстремистон мавриди истифода қарор мегирад. Яъне, созмонҳои террористӣ дар сомонаи худ ба воситаи адабиёти электронии таълимӣ, аудио-видео роликҳо ва клипҳо, паёмҳои маълумотӣ ва тавсиявӣ террористону экстремистонро омода менамоянд. Маводи мазкур, ки дар бораи чӣ гуна ба созмон ва ё гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шудан, омода сохтану истифодаи лавозимоти таркандаи ҷангӣ ва яроқҳои оташфишону дигар намуди аслиҳа ва маводи хатарноки тарканда, чи гуна ба нақша гирифтану анҷом додани амалиётҳои экстремистию террористӣ ва ғайра буда, бо чандин забон тарҷума мешаванд, ки дастрасиашон дар Интернет саҳлу осон аст.

            Аз ин лиҳоз, истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ алалхусус наврасону ҷавононро заруру аст, дар сомонаҳои интернетӣ эҳтиёткор бошанд, бо ҳаргуна нафарони ношинос дар сомонаҳои интернетӣ шинос нашаванд, маълумотҳои худро ба ҳар кас надиҳанд, ҳушёру зирак бошанд.

 

Ҳамрозода К.- Муовини раис-Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус