ГАР ТАВОНӢ ЯК ДИЛИ БИШКАСТАЕРО ШОД КУН!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  “Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад”, санаи 18 апрели соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия ва бо ҷалби ташкилоти ҷамъиятии “Добро соседство”  300 нафар ятимон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд  бо либосҳои тобистона таъмин  карда  шуд.