БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc:  

Санаи 19.04.2024  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳия, ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиди шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати  сиёсии  ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо хонандагон  вохӯрӣ доир намуданд.