ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ НАСЛИ ҶАВОН МЕБОШАД

Шаҳритуc: Андеша  

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

             Ҳифзи марзу бум барои ҳар сокини Тоҷикистон муҳимтарину муқаддастарин амали созанда буда аз ҳар нафар ҳушёрӣ ва ҷасоратро тақозо мекунад. Сулҳу субот ва осоиши ҷомеаи ҳар кишвар  ба ҳифзи сарҳади он вобаста аст.

Имрӯзҳо, Артиши миллӣ рисолати базиммадоштаи худро сарбаландона ба иҷро расонида истодааст. Ҳамасола, дар мавсими даъвати навбатӣ ба хидмати сарбозӣ бо як ифтихормандӣ ва бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳазорҳо  нафар ҷавонон хоҳиши хидмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд. Албатта, ин шаҳодати он аст, ки имрӯз аксарияти ҷавонони мо воқеан ҳам, дарк намуданд, ки хизмат ба Ватан боиси ифтихору шарафмандист.

Бояд ҳар як шахс ватани худро дӯст дорад ва хизматашро мардонавор ба ҷо оварад ва ифтихор кунад, ки зодаи чунин Ватани зебо аст. Ватандӯстдор будани худро мо бояд дар суханони хушку холӣ нишон надиҳем, балки барои ватани  худ хизмат кунему, марзу бумашро ҳифз намоем ва дар корҳои ободониаш  саҳмгузор бошем.

           Артиши Тоҷикистон артиши нисбатан ҷавон, зодаи даврони истиқлоли давлатӣ бошад ҳам вале  имрӯз қудрат ва тавони онро дорад, ки ин марзу буми муқаддаси Тоҷикистонро ҳимоя намояд, зеро ҳар сокини баномуси он сарбози ин Ватани биҳиштосост.

Ман боварии комил дорам, ки дар мавсими навбатии даъвати баҳорӣ довталабон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои адои хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро  ҳимояи Ватан ва марзу буми он барои ҳар фарди миллатдӯсту меҳанпараст мояи ифтихор ва сарбаландӣ ба шумор меравад.

Сафарализода Ё. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус.