РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8 апрели соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Обшорон”,   Маҳмудов Саидхон  тибқи ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Саиди Фитр ба якчанд нафар ятимон, бепарасторон, маъюбон, барҷомондагон  ва оилаҳои камбизоат,   маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-10 кг,  равған-5 кг,  пиёз – 1-халта, қандҳои ранга, қанди сафед, макарон ва мевагӣ   кӯмак   карда  шуд.