ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 8 апрели соли 2024 масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус тибқи ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Саиди Фитр ба якчанд нафар ятимон, бепарасторон, маъюбон, барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-10 кг,  равған-5 кг,   қанди сафед, макарон ва намак  кӯмак намуданд.

          Бояд қайд кард, ки аз ҷониби масъули шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус дар арафаи Иди Саиди Фитр ба як  нафар оилаи басарубон ва камбизоат маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-50 кг,  равған-10 кг,   картошка-1 халта ва пиёз -1 халта   кӯмак   карда  шуд.