ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Шаҳритуc: Андеша  

         Ҷумҳурии Тоҷикстон давлати навбунёду тозаистиқлол аст ва дар байни дигар давлатҳо бояд аз манфиатҳои геопалитикии худаш дифо карда тавонад ва мо ҷавонон, ки ояндаи давлатамон мебошем бояд ҳамеша тайёр бошем то, ки манфиатҳои миллатамонро ҳимоя карда тавонем.

          Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи тинҷиву оромӣ, шукронаи  Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва шукронаи ин Ватани обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамонро саҳми хешро гузорем.           Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар як ҷавони баору баномуси ин Ватану ин миллат мебошад.

          Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипаре мебошад, ки қодир аст сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳама гуна хатароҳои беруна муҳофизат намоянд. Новобаста аз ин ҳар як ҷавонписар пас аз хатми муасссисаи таълимии миёна хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро вазифаи аввалиндараҷа бояд шуморад. Зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин пеш аз ҳама ҳимояи Ватан, марзу буми кишвар, Истиқлолияту Ваҳдат, арзишҳои миллӣ ва ҳифзи шаъну шарафи сокинони ин сарзамин мебошад.

          Имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии минтақаву ҷаҳон ногувор аст бояд ҳар як ҷавонмарди тоҷик ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносиро дарк намуда далеру шуҷоъ бошад, хизмати Модар – Ватан ва қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо оварда, барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат банданд ва Ватани аҷдодии худро бо тамоми ҳастияш ҳимоя намояд.

Мирзоқулов Ҷ., мудири

Шуъбаи таблиғот ва иттилоотии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.