ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТИЮ ХЕШТАНШИНОСӢ

Шаҳритуc: Андеша  

 «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда,  дар ин раванд масъулияти падару модар,  аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Эмомалӣ Раҳмон.

       Тарбияи  ватандӯстӣ ҳамчун ташаккули тадриҷӣ ва устувории муҳаббати хонандагон ба Ватан фаҳмида мешавад, ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими мактаби муосир будаву ҳаст, зеро ба хонандагон ва ҷавонон давраи пурмаҳсул барои тарбияи муҳаббат ба Ватан эҳсос карда мешавад.

      Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун дар мамлакати мо бештар аз сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстӣ вобаста аст. Тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир ин раванди ҳадафмандона  аз ҷиҳати маънавӣ муайяншудаи тарбияи насли наврас, барои фаъолият ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи демократӣ, фаъолияти меҳнатии ташаббускор, иштирок дар идоракунии корҳои арзишманд, амалӣ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва баланд бардоштани масъулият барои сиёсиву ахлоқӣ мебошад.

        Фаҳмиши ватандӯстӣ анъанаи амиқи назариявӣ дорад, ки аз замонҳои қадим оғоз карда шудааст. Дар солҳои охир дар ин самт андешаи ватандӯстӣ ҳамчун арзиши муҳиме, ки на танҳо ҷузъҳои иҷтимоӣ, балки маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва дигар ҷузъҳоро дар бар мегирад, торафт бештар паҳн гашта истодааст.

       "Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои пойдор дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат буда, сарвати муҳимтарини маънавии шахсият, сатҳи баландтарини рушдро тавсиф менамояд ва худро дар татбиқи фаъоли худ ба манфиати Ватан нишон медиҳад."

 

 

Бобоназаров Қ., аъзои фаъоли ҲХДТ, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Шаҳритус.