ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Дар «Баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ вобаста ба даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон тибқи Роҳнамо оид ба ҷалби Сарбози ихтиёрӣ»-и Нақшаи корӣ-2024, инчунин бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус, барои ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриву мулоқот бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардида, дар натиҷаи ин корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва мулоқоту вохӯриҳо як қатор ҷавонон омода шуданд, ки ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  хизмати Модар-Ватанро адо намоянд.

          Боиси қайд аст, ки дирӯз як нафар сарбози ихтиёрии ҳизбӣ Қодиров Абдураҳмон Панҷиевич соли таваллуд -2004 сол  бо падараш Қодиров Панҷӣ аз деҳаи Чоршанбе Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус ҳозир гардида, бо раиси Кумита суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки шуҷоату далерии ин ҷавонон шоистаи таҳсин мебошад ва барои дигар ҷавонон намунаи ибрат мебошад. Ҳамзамон сарбози ихтиёрии ҳизбӣ Қодиров Абдураҳмон Панҷиевич ба қайд гирифта шуда шаҳодатномаи сарбози ихтиёрӣ тақдим карда шуд.