КУМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад.

      Санаи 9 марти соли 2024  раиси ташкилоти ибтидоии “Обшорон” Маҳмудов Саидхон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба 16-нафар ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат, маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-10 кг,  равған-5 кг, макарон -5 кг  кӯмак карданд.