ТОЗА КАРДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ДЕҲА ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи   9  марти  соли 2024 бо ташаббуси раисони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҷамъият деҳқон”, “Обшорон”, “Б.Қарабоев”, “ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов” бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо ҷалби аъзоёни фаъоли  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” тоза кардани гирду атрофи деҳа ва ҷуйборҳои обгузар дар сатҳи баланд баргузор гардид.