СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” “Ташвиқ ва баргузории амалиёти “Мактаби ман”, таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкунандагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон” бо ташаббуси Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов деҳаи Ё.Каримов бинои иловагӣ иборат аз ду ошиёна ба истифода дода мешавад.

         Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” (сарвари МТМУ №6 Мизоев Раҳматулло) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, инчунин иқдоми пешгирифтаи аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов деҳаи Ё. Каримов  азнавсозии  ишооти   гигенӣ- ҳоҷҷатхона ва ҷойи дастушӯӣ бо усули деренажӣ  ба нақша гирифта шудааст