ИСТИҚЛОЛИЯТ –РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Шаҳритуc: Андеша  

           Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон Тоҷикистонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

         Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

          Мусаллам аст, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ мояи ифтихори ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон аст, зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд  ва  шаҳрвандиву озоди  оғоз намуд.

          Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад.   

          Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навбунёду тозаистиқлол аст ва дар байни дигар давлатҳо бояд манфиатҳои геопалитикаии худаш дифо карда тавонад ва мо ҷавонон, ки ояндаи давлатамон мебошем, бояд ҳамеша тайёр бошем, то ки манфиатҳои миллатамонро ҳимоя карда тавонем.

          Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи тинҷиву оромӣ, шукронаи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва шукронаи ин Ватани обод намоему, дар ободтар гаштани  Ватани  азизамон саҳми хешро гузорем.

          Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сипаре мебошад, ки қодир аст, сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳама гуна хатарҳои беруна муҳофизат  намояд.

 

Ҳамрозода О. - Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус