ҲАШАРИ САРҶАМЪОНА БАРОИ ТОЗА НАМУДАНИ КӮЧАВУ МАҲАЛЛАҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъият деҳқон», санаи 17  феврали соли 2024 бо ташаббуси раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъият-деҳқон» Рақибов К., бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” шанбегӣ ҳашари сарҷамъона ташкил гардида, гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ ва кӯчаву маҳаллаҳо тоза карда шуд.