ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲО ВА ГУЛҲОИ ОРОИШӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 Санаи 17 феврали соли 2024 бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати саҳмгузорӣ ба ободонию кабудизоркунии кӯчаву маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии дастҷамъона ташкил карда шуда, гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо тоза карда шуд.Ҳамзамон, дар гирду атрофи он  280 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва 360 адад гулҳои ороишӣ шинонида шуд.