ТАТБИҚИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “САРБОЗИ ИХТИЁРӢ” ДАР АМАЛ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Ситоди ноҳиявӣ, оид ба гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон дар мавсими даъвати баҳории соли 2024, санаи 15.02.2024 сол бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шаҳритус -Мирзобадалзода К., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус -Шарофзода Ҳ., комисари ҳарбии ноҳия -Саидзода Ҷумахон, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов –Ҷабборзода Г., мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритус Манучеҳри А., дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 деҳаи Чоршанбе Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов,  бо кормандони ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, ҷавонон ва намояндагони дигар вохӯрӣ баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки ҷавонони бо нангу номуси далеру шуҷои ноҳияи Шаҳритус низ кам нестанд, инчунин бо ташаббус ва баргузории машваратҳои фаҳмондадиҳӣ (вохӯрию мулоқотҳо)-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, пеш аз қурапартоӣ як нафар ҷавони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳамчун сарбози ихтиёри барои хизмат номнавис шуд.