ЗИЁД НАМУДАНИ САФИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ ҶАВОНОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 07.02.2024 сол масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии «Литсейи хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Шаҳритус, якчанд нафар омӯзгорон ва ҷавононро ба аъзогии ҲХДТ қабул намуда, ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон, ба ҷавонон ва омӯзгорон фаҳмонида шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва манавиётӣ баланди аъзои худ такия намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.