ТОЗА НАМУДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ВА ПАРТОВГОҲҲО ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилотҳои ибтидоии «Бахши ҳифзи муҳити зист» ва «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус», санаи 3 феврали соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус» Холзода Л., аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус», «Бахши ҳифзи муҳити зист» ва як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” шанбегии дастҷамъона ташкил карда шуда, гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо ва партовгоҳҳо тоза карда шуд.