ВАТАН ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3 феврали соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Пахтаобод» Норманов Т.,  аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур, бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳмгузорӣ ба ободонию кабудизоркунии кӯчаву маҳаллаҳо, таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» шанбегии дастҷамъона ташкил карда шуда, гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, қисмати роҳравҳо ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд.