ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”, сана 1 феврали соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” Холзода Лутфия ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, соҳибкорон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмири роҳи маҳаллаи Б.Ғафуров ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, барои истиқоматкунандагони кучаву маҳалла бо симент ва қуму шағал таъмири роҳ бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” дар сатҳи хуб ташкил гардида таъмир карда шуд. Инчунин як тарафи роҳ бо ҷуйбори обгузар пайваст буда он, низ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” Холзода Лутфия ва иқдоми пешгирифтаи соҳибкорон ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” бо семент ва қуму шағал ҷӯйбори бетонии обгузар сохта шуда ба истифода дода шуд.