СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ТИБҚИ ТАШАББУСИ “МАКТАБИ МАН”!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ташвиқ ва баргузории амалиёти “Мактаби ман” ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкунандагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон” бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” (сарвари МТМУ №7 Ҳамроев Қаноат) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов деҳаи Сайёд, 2-синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад.

         Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” (сарвари МТМУ №7 Ҳамроев Қаноат) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов деҳаи Сайёд  азнавсозии  ишооти   гигенӣ- ҳоҷҷатхона ва ҷойи дастушўӣ бо усули деренажӣ  ба нақша гирифта шудааст.