ТОЗА НАМУДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ОРОМГОҲҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28.01.2024 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, баргузор карда шуд. Аз он ҷумла: - дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров деҳаи Ҷамъият деҳқон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ҷамъият деҳқон ва Хушодӣ корҳои ободонӣ, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гашт. - дар ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов деҳаи Лочин Нуров амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Л.Нуров ва Хоҷа-Дурбод дар майдони 1,2 га корҳои ободонӣ, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон,баргузор гашт.