ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 13 январи соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-деҳқон” Рақибов Киромиддин ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-деҳқон”, барои созандагӣ ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои истиқоматкунандагон ва сокинони деҳаи Ҷамъият-деҳқон ва кӯчаҳои он бо чароғҳои симчубӣ чароғонкунонида шуд.