МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТИ «ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ Х.ХОЛМАТОВ»

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов» маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Ҷамоатидеҳоти ба номи Х.Холматов» доир гардид. Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоӣ бо масъалаҳои зерин: 1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда; 2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2024; 3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”; 4. Масъалаҳои ҷорӣ.