МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ИДОРАИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН»

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Санаи 16.01.2024 сол дар ташкилоти ибтидоии «Идораи беҳдошти замин» маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Идораи беҳдошти замин» доир гардид. Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии «Идораи беҳдошти замин» бо масъалаҳои зерин: 1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда; 2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2024; 3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”; 4. Масъалаҳои ҷорӣ.