СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нанша-чорабинии ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ва  баргузории амалиёти "Мактаби ман!", таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» дар МТМУ №12  2-синфхонаи иловагӣ бо мизу курсиҳои нав таҷҳизонида ба истифода дода шуд. Инчунин, бо ташаббуси сарвари МТМУ №12 Мирзоева Сурайё ва кумитаи падару модарон дар муассиса азнавсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.