МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАҲРИТУС»

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Санаи 9.01.2024 сол дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус» маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус Раҳматов Н., ва кормандони ташкилоти ибтидоӣ доир гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус» бо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда; 2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2024; 3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дарбораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”; 4.Масъалаҳои ҷорӣ. Дар рафти маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус» Холзода Л., баромад намуда оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 суханронӣ намуданд. Инчунин, дар рафти маҷлис намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус Раҳматов Н., аз рӯи масъалаи сеюм баромад намуда қайд намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа –ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.