КӮМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Қумшох” Алиқулов Дилмурод ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Қумшох” дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад”, пайваста ба оилаҳои ниёзманд кӯмак расонида мешавад. Дар мувофиқа бо раиси ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳияи Шаҳритус ба маъюбон ва оилаҳои камбизоат, маводҳои ғизоӣ аз қабили 1-халта картошка, 1-халта пиёз, 5 кг-равған, 3 кг-шакар, 3 кг-макарон кӯмак карда шуданд.