БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2023 ВА НАҚШАҲО БАРОИ ОЯНДА

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Санаи 9 январи соли 2024 дар қасри фарҳанг бо иштироки аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳия, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус - раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, садори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, узви Раёсат ва раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демоктарии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демоктарии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Асрориён Саидшо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ, фаъолон маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баргузор гашт. Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳ. кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис оиди 5 масъала шинос намуд: 1.Ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда; 2.Тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023; 3.Тасдиқи буҷа барои соли 2023; 4.Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”; 5.Масъалаҳои ҷорӣ (тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус)