БАРГУЗОРИИ МАҶЛИС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «СОМОН»

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Санаи 5.01.2024 сол дар ташкилоти ибтидоии «Сомон» бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид. Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сомон»  масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт: 1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда; 2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2024; 3.Тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣвобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дарбораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”; 4.Масъалаҳои ҷорӣ.