ШАНБЕГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ Х.ХОЛМАТОВ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 6.01.2024 ҳашари сарҷамъона дар якҷояги бо иштироки аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ (Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов), аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, барои тоза кардани гулгашти гирду атрофи идора, дар сатҳи баланд баргузор гардид. Инчунин дар шанбегӣ ҳашари сарҷамъона аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, барои саҳмгузорӣ ба ободонию кабудизоркунии гирду атрофи қароргоҳ ва маркази ноҳия, ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, мевадиҳанда ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.