ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶИ АКБАР АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3 январи соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва аъзоёни фаъоли ҳизб дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад”, ки он ба роҳ монда шудааст пайваста ба оилаҳои камбизоат кумакҳои моливу моддӣ мерасонад. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва аъзоёни фаъоли ҳизб ба як ятими кул ва маъюб, асбобоҳои рӯзғор аз қабили гилем-палас, курпа ва курпача, чойнику пиёла, табақу табақча, печкаи электрикӣ ва дигар асбобоҳои ниёзи аввалияи рӯзғор, кумак расонида шуда, илова бар ин маблағ барои пардохти иҷрорапулии ҳармоҳашро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия ба зимаи худ гирифт!