ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАҲРИТУС"

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси раисаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус як қатор аъзоён ва собиқадорони ҲХДТ ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус бахшида ба соли нави мелодӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, боиси қайд аст, ки бо ташаббуси раисаи Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус Холова Лутфия ба як қатор оилаҳои камбизоати ҳудуди ҷамоат бахшида ба соли нави мелодӣ кӯмаки яквақтаина расонида шуд.