ДАСТГИРИИ ЯТИМОН - ДАСТГИРИИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 декабри соли 2023 бо ташаббуси раиси ноҳияи Шаҳритус дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад”, инчунин бо иштироки муовини раиси ноҳия Мирзобадалзода К. ва аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” ва “Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов” ба хонандагони мактаб-интернати ноҳия, бахшида ба истиқболи соли нави мелодӣ дастархони идона ороста, нчунин ба ятимон тӯҳфаҳои соли навӣ тақдим карда шуд. Боиси қайд аст, ки мбо ташаббуси раиси ноҳияи Шаҳритус,чорабинии фарҳангӣ (базми консертӣ) бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардида, таъби хонандагони мактаб-интернати ноҳия шод гардонида шуд.