ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26 декабри соли 2023 бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, дар қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус, чорабинӣ бахшида ба Соли нави мелодӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода К., вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Чиллаев Лутфулло, Холова Лутфия ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Шарофзода Ҳ. баромад намуда, ҳамаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритусро бо 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Соли нави мелодӣ табрик намуданд. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ва аз ҷониби соҳибкор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Чиллаев Лутфулло, ба афсарону аскарони қисми ҳарбии 02214 зиёфати дарсторхони идона ва барои хизматҳои содиқона, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафи муқаддаси худ дар ҳимояи марзу буми Ватан-Модар, бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Соли нави мелодӣ бо сипосномаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд. Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, мусобиқаи варзишии волейбол байни сарбозон ва варзишгарони ноҳия, инчунин чорабинии фарҳангӣ (базми консертӣ) бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.