“ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23.12.2023  аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ (Шуъбаи фарҳанг, Сомон, Маорифчиён, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва ғайра) таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост”ба ҳашари сарҷамъона баромаданд.   Ҳашарчиён гулгашти гирду атрофи қароргоҳ ва маркази ноҳияро тозаву озода намуда,  ҷиҳати ободонию кабудизоркунии гирду атрофи қароргоҳ ва боғи марказии ноҳия, ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, мевадиҳанда ва гулҳои ороишӣ шинониданд.