НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16 декабри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад”, ки он ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ба хонандагони мактб-интернати ноҳия бахшида ба истиқболи соли нави мелодӣ дастархони идона ороста, ичунин ба 44-нафар ятимон тӯҳфаҳои соли навӣ тақдим карда шуд.