ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19 декабри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати шаҳраки Шаҳритус Хидирзода Саноат, дар ҳамбастагӣ бо масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ба як чанд оилаҳои камбизоат ва ниёзманд, маводҳои ғизоӣ аз қабили орду равған, картошка, макарон, қанди сафед ва дигар намуди маводҳои ниёзи аввалияи рӯзгор кумаки яквақтаина расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳо ва шахсони саховатмандону хайрхоҳи ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ба нақша гирифтаанд, ки ба дигар оилаҳои камбизоат ва ниёзманди шаҳраки Шаҳритус то фарорасии соли нави мелодӣ кӯмаки яквақтаина расонанд.