СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ТИБҚИ ТАШАББУСИ "МАКТАБИ МАН!"

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи корӣ-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» вусъат мегирад. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №33 Менглиқулов Аҳмад) аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ҷамоати деҳоти Пахтаобод деҳаи Янгиобод, 2-синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи мумии мазкур азнавсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.