СОХМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №53 Ҳайдаров Мурод) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, бинои иловагӣ бо 8-синфхона бо пӯшонидани болопӯши бинои иловагӣ ва шинонидани дару тирезаҳои пластикӣ дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Инчунин, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №53 Ҳайдаров Мурод) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов аз навсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.