ТАЪМИРИ СИНФХОНАҲО БО ҶАЛБИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2022 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти деҳқон» Рақибов К. ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров, тамири беруни синфхонаҳо ва ба синфхонаҳо тирезаҳои пластикӣ шинонида шуд.