НАСБИ ҚУБУРЧАҲОИ ОБГУЗАР

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба рӯзи таъсисиёбии «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» зери унвони «ҲАФТАИ ҲХДТ», санаи 9.12.2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус» Холзода Л. ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус», шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд. Ҳашарчиён кӯчаҳои маркази ноҳия ва гирду атрофии ташкилоту муассисаҳоро тоза карда, дар қисмати роҳрав қаламчаҳои гули садбарг шинониданд.