КӮМАК БА ШАХСОНИ НИЁЗМАНД – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7 декабри соли 2023 раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак ба аёдати собиқадорони ҳизб рафта, ба 6-нафар собиқадори ҳизбу меҳнат, маводҳои ғизоӣ аз қабили 1-халта орд, 1-халта картошка, 1-халта пиёз, 5 кг-равған, 3 кг-шакар, 3 кг-макарон, кӯмак карда шуданд. Инчунин ба 4-нафар ятимону маъюбон, маводҳои ғизоӣ аз қабили 1-халта орд, 1-халта картошка, 1-халта пиёз, 5 кг-равған, 3 кг-шакар, 3 кг-макарон, кӯмаки яквақта расониданд.