БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚИ ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА 29- СОЛАГИИ ҲХДТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба рӯзи таъсисиёбии «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» зери унвони «ҲАФТАИ ҲХДТ», санаи 7 декабри соли 2023 бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, мусобиқаи варзишӣ-оммавӣ оид ба намуди футбол ,барои дастёбӣ ба «Ҷоми маҳаллии ҲХДТ», байни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус», «Маорифчиён» ва «Литсейи касби техникӣ» баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи мусобиқаи варзишӣ-оммавӣ оид ба намуди футбол,барои дастёбӣ ба «Ҷоми маҳаллии ҲХДТ», байни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус», «Маорифчиён» ва «Литсейи касби техникӣ», ҷамбаст гардида ғолибони мусобиқа, барои ишғоли ҷойи якум ба ҷавонони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус», барои ишғоли ҷойи дуюм ба ҷавонони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» ва барои ишғоли ҷойи сеюм ба ҷавонони ташкилоти ибтидоии ҳизбии«Литсейи касби техникӣ» сазовор дониста шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ-оммавӣ ба ишғолкунандагони ҷойи якум бо «Ҷоми маҳаллии ҲХДТ», ҷойҳои дуюм ва сеюм бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд.