ҶАМБАСТИ ОЗМУНИ “ИНШОИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба «29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» зери унвони «ҲАФТАИ ҲХДТ», санаи 7 декабри соли 2023 бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва Литсейи хонандагони болаёқати ноҳия озмунҳои расм ва иншои беҳтарин байни наврасони синни 14-18 сола зери унвони “ҲХДТ – ҳизби созанда” баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки озмунҳои расм ва иншои беҳтарин байни наврасони синни 14-18 сола зери унвони “ҲХДТ – ҳизби созанда” ҷамбаст гардида, ғолибони озмун, барои ишғоли ҷойҳои якум, дуюм, сеюм бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд.