МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ 29-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба «29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» зери унвони «ҲАФТАИ ҲХДТ», санаи 4 декабри соли 2023 бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сохтори госпитали”-и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ., сартабиб ва табибони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сохтори госпиталӣ”, маҷлиси ҳизбӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

Дар баргузории маҷлиси ҳизбӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус муҳтарам Шарофзода Ҳ., бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯе ҳаст, ки онро ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбаранда шинохтаву эътироф кардааст вагузашти вақт нишон дод, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи ба майдони сиёсат ворид гаштанаш бунёдкориву созандагӣ, беҳгардонии шароити зисти мардумро аз мақсадҳои асосии фаъолияти хеш қарор додааст баромад намуд.

Ҳамчунин, дар охири маҷлиси ҳизбӣ аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, ба як қатор собиқадорони ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Сохтори госпиталӣ”, табрикномаи Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.