КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБИДОИИ “ЛОЛАЗОР-2”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25.11.2023 сол дар хоҷагии деҳқонии “Ҳокимҷон” ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ва аз ҷониби раиси хоҷагии деҳқонии мазкур дар майдони 0,4 га кишти картошка кишт карда шуд. Инчунин масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов дар деҳаҳои Лолазор-2 вобаста гардида бо роҳбар ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ сӯҳбат доир намуда, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, кишти такрорӣ аз ҷумла кишти ғалладонагиҳо, захира намудани хӯрока, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ифротгароӣ ва фаҳмондани вазъи мураккаби ҷаҳон, инчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳи доир гардид.