АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28.11.2023 сол масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аз ташкилоти ибтидоии «Маркази тропикӣ»-и ноҳияи Шаҳритус, якчанд нафар табибони ҷавонро ба аъзогии ҲХДТ қабул намуда ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон ба таббибони ҷавони «Маркази тропикӣ»-и ноҳияи Шаҳритус фаҳмонида дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такия намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амали гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат менамояд.